Дар санаи 22.12.2020 бо иштироки раиси ноҳияи Носири Хусрав муҳтарам Нишонзода Д.Н. ва роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия дар назди бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и ноҳияи Носири Хусрав маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар маъракаи мазкур зиёда аз 150 ниҳолҳои ҳамешазабз дар назди муассисаи таълимӣ шинонида шуд.
Дар санаи 21.12.2020 гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав вобаста бо расонидани муҳтавои оиди сарфакорона истифодаи қувваи барқ, дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия гурӯҳҳои корӣ фаъолият намуда, тақсимоти огоҳномаҳо корро пурзӯр намуданд Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати Барқи тоҷик.
Дар таърихи 05.11.2020 ноҳияи ноҳияи Носири Хусрав кушодашавии иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази савдо дар деҳаи Баҳори Ҷамоати деҳоти «Фирӯза», майдончаи варзишӣ дар деҳаи Сангобаи Ҷамоати деҳоти «Наврӯз» ва дар қасри фарҳанги ноҳия чорабинии тантанавӣ ва фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар таърихи 01.10.2020 гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид. Дар баргузории чорабинии гусели наваскарон аз тарафи раиси ноҳияи Носири Хусрав муҳтарам Нишонзода Д. Ба волидони наваскарон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар таърихи 15.09.2020 аз тарафи гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав дар деҳаҳои 20-солагии Истиқлолият ва Тулаганови Ҷамоати деҳоти «Фирӯза» фаҳмондадиҳии гузаронидани чорабинии муҳими сиёсӣ Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ гузаронида шуд.
Дар таърихи 11.09.2020 бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав дар маҳаллаи Бадахшони Ҷамоати деҳоти «Фирӯза» аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд.
Дар таърихи 09.09.2020 бахшида ба 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кушодашавии иншоотҳои ҷашнӣ баргузор гардид, аз ҷумла; 1 маркази савдо, 1 маркази хизматрасонӣ дар Ҷамоати деҳоти «Наврӯз» ва 1 нуқтаи фурӯши хурокҳои тезтайёр, 1 боғчаи бачагонаи Нурафшон дар деҳаи Тулаганови Ҷамоати деҳоти «Фирӯза» ба истифода дода шудаанд.
Муҳтарам меҳмонон ва ҳозирини гиромӣ!
Дар асоси дастуру супориши раиси вилояти Хатлон имрӯз дар ноҳияи Носири Хусрав дар ҳамбастагӣ бо соҳаҳои мухталифи кишоварзӣ баргузории “Корвони сурх” ба нақша гирифта шудааст.
Рӯзи 22 августи соли 2020 тибқи нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав дар толори маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти «Фирӯза» ҷиҳати иҷроиши талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» қабули сайёри раиси ноҳия муҳтарам Нишонзода Даврон Назаралӣ баргузор гардид.
Дар таърихи 20.08.2020 тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон гурӯҳи корӣ бо роҳбари мудири бахши назорати дастгоҳи раиси вилоят Азимзода Г., мудири шуъбаи муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси вилоят Шарифзода С. ва сармутахассиси шуъбаи умумӣ ва махсуси дастгоҳи раиси вилоят Алимов Н.
Pages
СУРОҒАИ МО
вилояти Хатлон
735140 ноҳияи Носири Хусрав
кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9
Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав
Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by
WeebPal.