
Дар таърихи 20.08.2020 тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон гурӯҳи корӣ бо роҳбари мудири бахши назорати дастгоҳи раиси вилоят Азимзода Г., мудири шуъбаи муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси вилоят Шарифзода С. ва сармутахассиси шуъбаи умумӣ ва махсуси дастгоҳи раиси вилоят Алимов Н. Семенари омӯзишӣ бо мақсади беҳтар намудани вазъи ҳуҷҷатгузорӣ, интизоми иҷро, муроҷиати шаҳрвандон дар фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ риояи муҳлати иҷро, сари вақт ташкили муросилоти ҳуҷҷатҳо тибқи талаботи Дастурамали намунавии коргузорӣ баргузор гардид.