Паёми Пешвои миллат ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ такони ҷиддӣ бахшид! Бознашр аз сомонаи hhdtkhatlon.tj

АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ ДАР САМТИ ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ҲХДТ. Паём ҳуҷҷати муҳим барои рушди минбаъдаи иқтисодиёти миллии кишвар буда, баланд бардоштани нерӯи инсонӣ, сатҳи маълумотнокӣ ва беҳтаршавии сифати зиндагии мардум меҳвари асоси онро ташкил медиҳад.

Ман ҳамчун як сокини ҷумҳурӣ ифтихор аз он дорам, ки дар давраи аз Паём то Паём дар пешрафту тарақки ва рушду гулгулшукуфии давлатамон дигаргуниҳои зиёде ба вуқуъ меоянд.

Тавассути татбиқи чорабиниҳои дастаҷаъмона дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, ба шуғли доими фаро гирифтани аҳолӣ, рушди соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ яке аз самтҳои ин ҳуҷҷати муҳим ба шумор меравад. Ташкили нави ҷойҳои корӣ, ворид намудани техналогияи муоссир, дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ инчунин ташкили корхонаҳои муштарак ҳамаҷониба, ки дар Паём таъкид гардид аз Паём то Паём амали гардид истодаанд.

 Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ қайд гардид, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои татбиқкунандаи “иқтисодиёти сабз” маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад. Зеро 98 фоизи барқ тавассути неругоҳхои барқии обӣ истеҳсол мешаванд. Дар Паём таъкид гардид, ки барои бунёд ва дар соли 2018 ҷиҳати ба кор андохтани агрегати якуми нерӯгоҳи барқии оби Роғун ба миқдори зиёда аз 5 миллиард сомони пешбини гардид. Хушбахтона чархи якуми ин нерӯгоҳи барои ҷумҳури хеле муҳим соли ҷорӣ ба кор андохта шуд. Роғун бузургтарин ва аз ҳама муҳимтарин иншоотии гидроэнергетикии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бо сохта шуда ва ба кор андохтани нерӯгоҳи Роғун рушду тарақкиёти босуръат ва ояндаи пурсаодати Тоҷикистон боло рафта, сатҳу сифати зиндагии мардум баланд мегардад.

 Дар Паёми худ Сарвари давлатамон махсус қайд намуданд, ки барои рушди туризм, бахусус туризми экологӣ, имкониятҳои зиёде мавҷуд мебошанд. Аз ҷониби дигар, мавҷуд будани ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, либоси миллӣ, иқтидори табии-иқтисодӣ, сайёҳию куҳнавардӣ имкониятҳои сармоягузориро ба иқтисодиёти кишварро афзун менамояд.

Қайд гардид, ки дар аёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳони об-22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон –Даҳсолаи байналмилалии амал,”Об барои рушди устувор,2018-2028” амалӣ мешавад. Инчунин ба таъмини амнияти озуқаворӣ, қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, сарфакорона истифодаи замину об барои дар сатҳи баланд амалӣ, намудани ин иқдомот Сарвари давлат соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд.

 Пешвои миллат соҳаҳои иқтисодиёти миллии кишварро таҳлил намуда, қайд намуданд, ки нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишварамон дар сатҳи устувор нигоҳ дошта суръати воқеии иқтисодиёти кишвар 7 фоиз дар ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохил, ба 60 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Бо мақсади ҳавсмандгадонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ҳунарҳои мардумӣ дар хонаҳо, чунин молҳо аз 1 январи соли 2018 аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуд, ки ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд.

Паёми ҳуҷҷати стратегиест, ки дар он паҳлуҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисоди-иҷтимои кишвар мавриди барраси қарор гирифтаанд. Дар Паёми худ Сарвари давлат ҳимояи манфиатҳои иқттисодиву иҷтимои, амнияти кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди иқтисодӣ иҷтимоӣ буда, рушди устувори иқтисодиёт меҳвари асоси онро ташкил медиҳад. Бо назардошти рушди иқтисодии кишвар ва имкониятҳои мавҷудаи молиявӣ музди меҳнати кормандони соҳаи буҷети. Нафақаи пиронсолӣ ва ступедияҳои донишҷӯён 15 фоиз зиёд гардид.

Дар Паём махсусан вазъи мураккаби ҷаҳони муоссир, раванди босуръати мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳиллаи нави “ҷанги сард” муфассал баҳогузори шуда, ихтилофу талошҳо байни кишварҳои абалқудрати ҷаҳон барои устувор намудани мавқеи геополитики ва геостратегӣ идома ёфта истодаашон муфассал баён гардид.

Дар паёми худ Сарвари давлат қайд намуданд, ки раванди босуръати ҷаҳонишавӣ, ки имрӯз ҳама гуна сарҳадро убур намудааст ба сиёсат, иқтисодиёт ва фарҳангу таммадуни миллӣ таъсир расонида истодааст. Дар раванди ин таҳаввулот Ватани азизи мо низ ба ҳайси як давлати соҳибистиқлол ва соҳибтаммудун аз ин ҷараёну равандҳои фарогир берун буда наметавонад.

Ин ихтилофоту равандҳо ҳар сокини ватанамонро водор месозад, ки ба ноил шудан ба дастовардҳои бештар аҳлона заҳмат намуда, иқтидори иқтисодии онро бештар намоем, ваҳдату ягдилӣ якпорчагии онро ҳифз намоем

 Дар маҷмуъ Паёми имсолаи Сарвари давлат барои дар андешаи ҳар як сокини кишвар бахусус ҷавонон моҳияти соҳибистиқлоливу озодӣ, соҳибватаниву арзишҳои неки миллӣ, дарк намудан ва бо бовари комил барои амали намудани нуктаҳои асоси Паём фаъолу ташаббускор буданро тақозо менамояд. Аз ин лиҳоз вазифаи ҳар яки мо сокинони давлат хурду бузург аз он иборат аст, ки саъю талоши худро дар навбати аввал ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ дар кишварамон сафарбар намуда, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, иродаи мустаҳкам дошта бо саъю талоши аҳлона, заҳмати содиқонаи ҳамаи сокинони кишварро сафарбар намоем.

Сураё Алиева – раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.