Вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳияи Носири Хусрав дар соли 2020

Иҷрои буҷет

         Мувофиқи маълумоти Вазорати молия ва Кумитаи андоз нақшаи даромадҳои буҷети ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон бо дар назар доштани андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 112,8 фоиз иҷро гардидааст, ки яъне дар ҳолати нақшаи соли 2020,  7 млн 792  ҳазору 933  сомонӣ будан, дар асл 8 млн 790  ҳазору 146 сомонӣ ворид шудааст.

          Дар ноҳия нақшаи ҳамаи намудҳои андоз сифатнок иҷро гардид.

         Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия ба маблағи 11 млн 277 ҳазору 929 сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта    994 ҳазору 578 сомонӣ кам мебошад.

         Қисми хароҷоти буҷети ноҳия 98 фоиз иҷро гардидааст, ки ин нишондиҳанда дар  соли 2019,  95 фоизро ташкил дод.

          Нақшаи соли 2020, 22 млн 842 ҳазору 789 сомонӣ муқаррар шуда, аз ҳисоби буҷет 22 млн 306 ҳазору 826  сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Аз ҷумла сектори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 97 фоиз, маориф 98 фоиз, нигоҳдории тандурустӣ 98 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 90 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ  100 фоиз, фарҳанг 95 фоиз, хоҷагии қишлоқ  96  фоиз, мудофиа 98  фоиз, ҳифзи ҳуқуқ 91 фоиз, нақлиёт 100 фоиз ва сохтмон 100 фоиз маблағгузорӣ карда шуданд.

         Ба ҳолати 1 январи соли 2021 қарзи корхонаю ташкилотҳо аз ҳисоби андозҳо (бо дар назар доштани бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ) 1 млн 695,7 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба аввали сол ба маблағи 56,2 ҳазор  сомонӣ зиёд  гардидааст.

         Дар ноҳия Филиали №48 БДА “Амонатбонк” фаъолият намуда аз тарафи филиали мазкур ба маблағи 4 млн. сомонӣ қарзҳо дода шудааст, ки аз ин барои рушди соҳаи кишоварзӣ 2,2 млн. сомонӣ, барои рушди соҳаи чорводорӣ 775 ҳазор сомонӣ, барои омўзгорони ҷавон 42 ҳазор сомонӣ ва барои қарзҳои истеъмолӣ 983 ҳазор сомонӣ равона гардидааст.  

 

Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

         Дар соли 2020 аз тарафи нозироти андоз 317 соҳибкори инфиродӣ бо патент ва 23 соҳибкор бо шаҳодатнома ба андозбандӣ ҷалб гардида, аз ҳисоби онҳо 696,9 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гардид.

         Дар ин давра 62 соҳибкор ба тариқи патент, 78 соҳибкор ба тарифи шаҳодатнома (хоҷагии деҳқонӣ) аз нав ба қайд гирифта шуданд.

         Дар ноҳия 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истода, маблағи истифодашуда 867 ҳазор доллари америкоиро ташкил медиҳад.

         Ҷиҳати таҳияи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Носири Хусрав барои солҳои 2021-2025 дар асоси қарори раиси ноҳияи Носири Хусрав  аз 07 октябри  соли  2019,    №1169 гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлавтии ноҳияи Носири Хусрав таъсис дода шуда, лоиҳаи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Носири Хусрав барои солҳои 2021-2025 омода намуда, барои баррасӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

         Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ лоиҳаи Барномаро мавриди омўзиш ва баррасӣ қарор дода, онро қобили дастгирӣ арзёбӣ намуд.

         Ҳамзамон тибқи қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Носири Хусрав №106 аз 28 декабри соли 2020 Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Носири Хусрав барои солҳои 2021-2025 қабул гардид.

         Айни замон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав ҷиҳати дар муҳлати муайяншуда татбиқи босифати Барномаи мазкур ҳамкории судмандро бо вазорату идораҳои дахлдор, соҳибкорони дохилӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор пурзўр намуда истодааст.

  Ҷалби сармояҳои ватанию хориҷӣ дар соли 2020 аз ҳисоби  қарз  ва  грантҳо  бо  кафолати  давлатӣ  ҷалбшуда 1 млн. 843 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст ва сармояҳое, ки дар бахши хусусӣ ворид шудаанд  68 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд.

 

Мушкилот

  • ҷудо нагардидани маблағҳои қарзӣ бо фоизи паст барои  дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ
  • дар ноҳия набудани соҳибкорони муваффақ

 

Саноат ва энергетика

Дар соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ (бо нархҳои муқоисавӣ)  ба 29 млн 972,7 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2019-ум 11 млн 644,6 ҳазор сомонӣ ё худ 163,5 фоиз зиёд мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли пахтаи курпабоб 5,5 баробар, нон ва маҳсулоти нони 100,6 фоиз, гушт ва маҳсулоти гушти 100,2 фоиз зиёд ва орд 53,1 фоиз кам гардид.

         Аз 4 корхонаҳои хурди саноатӣ 3 корхона фаъолият дошта, 1 корхона аз сабаби мавсимӣ будан фаъолият накарданд.

         Дар соли 2020 ба ноҳия 24,5 млн кВт соат қувваи барқ интиқол гардида, талафоти неруи барқ 3 млн 834,4 ҳазор кВт соатро ташкил дод. Ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо 20 млн 665,6 ҳазор кВт соат барқи фоиданок ба маблағи  3 млн 626,2  ҳазор сомонӣ дода шуд. Ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда 90,8 фоиз, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ 100 фоизро ташкил дод.

 

 

Мушкилот

- қарзи истифодаи барқ дар ин давра 334,0 ҳазор сомонӣ зиёд гаштааст.

- аз сабаби зиёд гаштани аҳолӣ дар маркази ш. Баҳор ва деҳаҳои Давлатобод, 20- солагии Истиқлолият, Сангоба, Бешкапа, Чупон қишлоқ, Навобод дар маҷмуъ 7-адад истгоҳи трансформаторҳои гуногун лозим буда ва сохтани хати барқи-10 кВ ба масофои 3,5 км   ниёз доранд.

 

Сохтмон ва меъморӣ

           Дар соли 2020 ҳаҷми маблағгузории сармояи асосӣ 9 млн 528,7 ҳазор сомониро ташкил дод, ки баробари 101,6 фоиз мебошад ва ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта   9 млн 376,9 ҳазор сомониро дар бар гирифт. 

           Корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 9 млн 226,5 ҳазор сомонӣ  104,3 фоиз иҷро шуданд.

 

Мушкилот

  • дар ноҳия 3 иншооти сохташаванда вуҷуд дошта, аз он ҷумла, майдони варзишӣ барои 3000 ҷойи нишаст то ҳол сохтмонаш нотамом мебошад. Маблағи умумии майдони варзишӣ  8 миллион буда то ин давра, 340 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо гардида 4,2 фоизро ташкил дода, корҳои бетонӣ дар таҳкурсӣ ба анҷом расонида шудаасту халос.
  • дар  соли 2020 барои идомаи корҳои сохтмонӣ дар хонаи истиқоматии 2- ошёнаи 12-ҳуҷрадор барои хизматчиёни давлатӣ, танҳо аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 1 млн 200 ҳазор сомонӣ нақшабандӣ гардида, аз он 109 ҳазор сомонӣ маблагғгузорӣ шудааст. Аз ҳисоби буҷети вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ маблағҳо ҷудо карда нашудааст.
  • инчунин як беморхона дорои 110 кат ба нақша гирифта шуда, соли равон аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 50 ҳазор сомонӣ барои корҳои лоиҳакашӣ дар беморхона ҷудо гардидааст. Барои оғози сохтмони беморхона ба дарёфти сарчашмаи маблағгузорӣ эҳтиёҷ дорад.

 

Нақлиёт ва алоқа

         Масофаи умумии роҳҳои ноҳия 104,9 километрро ташкил медиҳад, ки 33 километри онро роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ, 12 километр  аҳамияти ҷумҳуриявӣ  ва 59,9 километр аҳамияти маҳаллӣ мебошанд.

         Дар давоми моҳҳои январ - декабри соли 2020 тибқи нақша барои таъмиру нигоҳдории роҳҳо ва омодагӣ барои зимистонгузаронии солҳои 2020-2021 аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ ҳамагӣ 111 ҳазор сомонӣ ва буҷети маҳаллӣ 43,7 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст.

         Аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ дар ин давраи соли равон 20 километр роҳҳо ба маблағи 464 ҳазор сомонӣ сангфарш карда шудааст.

         Ҳаҷми боркашонӣ 190,8 ҳазор тонна ва мусофиркашонӣ  463,5 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ҳаҷми боркашонӣ 0,2 ҳазор тонна зиёд гардида,  ҳаҷми мусофиркашонӣ  баробар мебошад.               

         Шумораи истифодабарандагони алоқаи мобилӣ ва шабакаи интернет зиёда аз 15200 нафар буда, 175 нуқтаи телефонӣ дар истифода мебошад.

        Ҳаҷми даромади намояндагии ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком» дар ноҳия 5600 сомониро дар бар гирифта, нисбат ба ҳамин давраи соли 2019, 129 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми хизматрасонӣ ба аҳолӣ  96 фоизро ташкил медиҳад.

 

Мушкилот

- шоҳроҳи даромадгоҳи ноҳия то деҳаи Фирўза 25 километр ва шоҳроҳи маркази ноҳия то ҷамоатҳои деҳоти “Наврўз” ва Истиқлол 16 километр бинобар сабаби норасоиҳои маблағ чандин сол боз таъмири асосӣ нагардидааст.

-  норасоии кадр дар соҳаи алоқа

 

Кишоварзӣ 

         Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ дар соли 2020,   462 млн. 632,6 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 79 млн. 568,3 ҳазор сомонӣ зиёд иҷро гардида, афзоиш 20,8 фоизро ташкил медиҳад.

  Дар ноҳия майдони умумии замини корами обӣ  7152 гектарро ташкил  дода, 1766 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ аз он ҷумла 1603 адад хоҷагиҳои деҳқонии (инфиродӣ) ва 1 хоҷагии ҷангал фаъолият менамоянд.

         Кишоварзони ноҳия аз аввали баҳори соли 2020 ба кишт шурўъ намуда, дар майдони 9253 гектар кишти асосии зироатҳои кишоварзӣ гузаронидаанд, ки нисбат ба соли гузашта 105,4 фоизро ташкил дод. Аз он ҷумла; ғалладона ва лубиёгиҳо 3594 га (105,1 фоиз), пахта 3224 га (103,3 фоиз),  картошка 74,8 га (55 фоиз), сабзавот 611 га (102,5 фоиз), полезиҳо 672 га (102,6 фоиз) ва хуроки чорво 1051,2 га (131,9 фоиз)-ро ташкил медиҳад.

    Дар масъалаи ҷамъоварии ҳосили  зироатҳои кишоварзӣ диққати зарурӣ равона гардида, ҷамъоварии ғалладонагиҳо ҳамагӣ 28726 тонна (122,3 фоиз), маккадон 11347,1 тонна (147,9 фоиз), пахта 7500 тонна (105 фоиз), истеҳсоли картошка 2750 тонна (108,5 фоиз), сабзавот 33003 тонна (157,2 фоиз), полезӣ 32018,2 тонна (115,7 фоиз), зироатҳои хуроки чорво 12245,4 тонна (103,2 фоиз), меваҷот 3995 тонна (128,5 фоиз) ва ангур 1115 тонна (105,4 фоиз) ҷамъоварӣ шудааст.    

          Соли равон дар майдони 2382 га кишти такрорӣ пешбинӣ гардида, иҷроиш 2452 гектар яъне (102,9 фоиз) иҷро гардидааст. аз он ҷумла; ғалладонагиҳо 1229 га (100 фоиз), зироатҳои техникӣ 153 га  (100 фоиз), сабзавот 420 га (100 фоиз),  полезиҳо 350 га  (100 фоиз)  ва  хуроки чорво 180 га (163 фоиз)- ро ташкил дод.

    Соли 2020 дар майдони 2298 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст. Аз он ҷумла;  гандум 1474 га (100 фоиз),  ҷав 115 га (100 фоиз),  пиёз 263 га (101,1 фоиз),  сабзӣ 36 га (102,8 фоиз), карам 10 га (100 фоиз), дигар сабзавотҳо 21 га (140 фоиз), зироатҳои хуроки чорво 269 га (100 фоиз)-ро ташкил дода, дар айни ҳол зиёда аз  5350 гектар заминҳо шудгор карда шудааст, ки (77,2 фоиз)-и нақшаро ташкил дода аз он ҷумла, ҷойи пахта 3240 гектар (100 фоиз) мебошад.

    Боиси қайд аст, ки соли равон 2040 тонна маҳсулот аз ҳисоби пиёз ба хориҷи кишвар пешкаш гардид, ки нисбати нақша 102 фоизро ташкил дод.

        Мувофиқи ҳисоботҳои солонаи замин дар ноҳия55409 га замини чарогоҳ мавҷуд мебошад.

Тибқи ҳисоботҳои оморӣ саршумори чорвои калон ба 18580 сар, моли майда ба 44412 сар, саршумори парранда ба 26789 сар ва саршумори асп 455 сар расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 саршумори чорвои калон 471 сар, моли майда 4071 сар,  парранда 215 сар  ва асп 5 сар зиёд мебошад.

  Чорводорони ноҳия бошанд дар ин муддат 5723 тонна гушт,  11377 тонна шир, 1822,4 ҳазор дона тухм, 116 тонна пашм, 7,5 тонна пилла ва 8,8 тонна асал ва 1 тонна гушти моҳӣ истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  525 тонна гушт, 298 тонна шир, 107,4 ҳазор дона тухм, 1 тонна пашм  зиёд истеҳсол гардидааст.

  Дар масъалаи наслгирӣ бошад дар ин давра диққати лозимӣ дода шуда, аз 100 сар модагов 71 сар гусола, аз 100 сар меш ва модабуз 93 сар барраю бузғола  насл гирифта шудааст. 

          Бо мақсади захира намудани хуроки чорво ҳамагӣ то ин давра 7200 тонна хуроки чорво аз он ҷумла, коҳ 5200 тонна ва беда  2000 тонна ҷамъоварӣ шуда, захира карда шуд.  

 

Мушкилот

  • набудани техникаҳои шудгоркунанда аз он ҷумла, тасмачарх;
  • тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо бо мақсади беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳо;
  • набудани маркази хизматрасонии техникаи кишоварзӣ;

 

Меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

         Дар соли 2020 ба бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия  314 нафар корҷўён муроҷиат карданд, ки аз ин шумора 192 нафарашро занон ташкил медиҳанд.  Бо ҷойҳои кори доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 109 нафар таъмин шуданд, ки 30,7 фоизи нақшаи Барномавиро ташкил медиҳад.

         Дар ин давра аз тарафи бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия 12 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шудааст, ки дар он зиёда аз 62 ташкилоту корхона ва 470 нафар корҷўй иштирок намуда, 124 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид, ки аз ин шумора 53 нафар занон мебошад.      

         Дар ин давра 140 ҷойҳои кории нав аз он ҷумла, 117 ҷойи кории доимӣ ва 23 ҷойи кории муваққатӣ таъсис дода шуд.

         Музди миёнаи моҳонаи кормандони ноҳия 853,44 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019,  99,50 сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 13,2 фоизро ташкил додааст.

         Қарзи музди меҳнат дар ноҳия мавҷуд намебошад.

          Тибқи ҳисоботи оморӣ ба ҳолати 1 декабри соли 2020 аз ноҳия 3641 шаҳрванд дар хориҷи кишвар қарор дошта, аз ин теъдод 3554 нафар (мард 3476, зан 78) муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд. Аз хориҷи кишвар 161 шаҳрванд (мард 148, зан 13) ба ватан баргашта, муҳоҷирони дохилӣ бошад 101 нафарро ташкил медиҳад.

         Дар соли 2020 муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷи кишвар тариқи бонкҳо 2 млн 752,8 ҳазор доллари ИМА интиқол доданд.

 

Мушкилот

      -  то қадри имкон зиёд намудани ҳаҷми қарзҳои имтиёзнок ва кўмакпулиҳо бо мақсади дастгирии рушди соҳибкорӣ аз ҳисоби шахсони бешуғл

      - ташкил ва бунёди инфрасохтори иҷтимоӣ дар мавзеҳои ҷойгиршавии муҳоҷирони дохилию ихтиёрӣ

 

Суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа

Шумораи нафақахўрон дар соли 2020 дар ноҳия 2866 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 2327 нафар аз рўи нафақаи меҳнатӣ аз ҷумла, 2118 нафар аз рўи синну сол, 152 нафар аз рўи маъюбии меҳнатӣ, 49 нафар аз ҳисоби бесаробонмонда, 5 нафар барои хизматҳои дарозмуддат, 3 нафар нафақаи аҳамияти ҷумҳуриявидоштаро ташкил медиҳанд.

 Шумораи нафақаҳўрони нафақаи иҷтимоӣ бошад, 539 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз ин шумора 107 нафар нафақаи пирӣ, 254 нафар нафақаи маъюбӣ (91 нафар маъюбони то 18-сола) ва 178 нафар нафақаҳўрони нафақаи бесаробонмондаро ташкил медиҳанд.

Ба ҳисоби миёна ба 1 нафақахўр дар як моҳ 283,83 сомонӣ рост меояд.

Шумораи ятимони куллу ва нимятимон 315 нафарро ташкил дода, дар соли 2020 аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсони саховатпеша ба онҳо мунтазам кўмакҳои молиявӣ ва моддӣ расонида шуда истодааст.

 

 

 

Соҳаи маориф ва илм

         Айни ҳол дар ноҳия 32 муассисаҳои таълимӣ фаъолият менамояд, ки аз он 25 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 гимназияи давлатӣ ва 6 боғчаи бачагона мебошад.

         Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ҳамагӣ 9573 нафар хонанда, аз ҷумла 4659 нафар духтарон  ба таҳсил фаро гирифта шуда,  ба онҳо 724 нафар омўзгорон таълиму тарбия  медиҳад, ки  522 нафарашон занҳо мебошанд.

         Инчунин дар 6 муассисаи томактабӣ 231 нафар кўдак дар 12 гурўҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар назди 19 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия маркази инкишофи нутқи кўдак бо тедоди 20 гурўҳ ташкил карда шуда, 625 кўдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.

      Хатмкунандагони синфи 11-и соли хониши 2019-2020, 675 нафарро ташкил намуда, аз ин  486 нафар довталаб ба донишгоҳу донишкадаҳо ҳуҷҷат супориданд,  ки  72 %-ро ташкил медиҳад. Ин нишондод нисбати соли гузашта 203 нафар зиёд мебошад.    

      Ҳамзамон аз 486 нафар хонандагони ҳуҷҷатсупорида 280 нафар довталаб ба мактабҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ дохил шудаанд, ки ин 40,5 %-ро ташкил медиҳад.

         Ҳамчунин 19 нафар хатмкунандагон бо тариқи суҳбат тибқи квотаи Президентӣ сазовори номи пуршарафи донишҷў мушарраф  гардиданд.

         Дар давоми соли 2020-ум 97 омўзгорони забони русӣ ва ангилисӣ аз курсҳои  салоҳиятнокӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 гузаронида шуда, соҳиби сертификат гардидаанд. Ҳамзамон дар соли  сипаригардида 153 нафар омўзгорони фанҳои гуногун ба курсҳои  такмили  ихтисос ва бозомўзии шаҳри Бохтар ва Душанбе фиристода шуданд.

         Дар муассисаҳои таълимии ноҳия аз 313 адад компютерҳои мавҷуд буда, зиёда аз 147 адад компютерҳои таъмирталаб ва корношоям аз нав бо дастгирии Раёсати маорифи вилояти Хатлон  таъмиру  таҷдид гардиданд.      

         Дар соли 2020 сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 ба истифода дода шуда, 6 синфхонаи иловагӣ дар ду баст бо 350 ҷойи нишаст дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №9 ва 24-и ноҳия сохтмонаш идома дорад.

         Инчунин бо ҷалби сармояи хориҷӣ 1 муассисаи томактабӣ бо теъдоди 25 кудак дар ҷамоати деҳоти Фирўза сохта ба истифода дода шуд.

 

Мушкилот

      - тибқи талаботи барномаҳои давлатии рушди коммуниакатсионӣ  барои солҳои 2018-2020, ки дар соли 2018  38 адар компютер ва 2 адад тахтаи электронӣ, дар соли 2019    38 адар компютер ва 3 адад тахтаи электронӣ ва дар соли 2020 39 адар компютер ва 3 адад тахтаи электронӣ банақша гирифта  шуда буд, иҷро нагардидааст.

     - дар муассисаҳои таълимии ноҳия 8 нафар омўзгорони ихтисосманд намерасанд.

     - норасоии кабинетҳои муҷҷаҳазгарднидашуда ва китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия

 

Соҳаи тандурустӣ

         Дар ноҳия 33 адад муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла; 1 беморхонаи марказӣ дорои 120 кат, 1 беморхонаи рақамӣ дорои 35 кат, 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 4 маркази саломатии деҳотӣ, 21 адад бунгоҳи тиббӣ, 1 Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, 1 Маркази вируси норасоии масъунияти одам, 1 Маркази пешгирии бемориҳои сил, 1 Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва Маркази солимии репродуктивӣ фаъолият менамоянд.

Дар соҳаи тандурустии ноҳия ҳамагӣ 240 нафар кормандони тиб фаъолият намуда аз он ҷумла, 27 нафар духтурони маълумоти олидор, 140 нафар кормандони миёнаи тиббӣ  ва 73 нафар дигар кормандон фаъолият менамояд. Талабот ба духтурони  маълумоти олидор 35 нафарро ташкил медиҳад.

Беморхонаи марказии ноҳия аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи майи соли ҷорӣ бо нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ таъмин карда шуд.

Беморхонаи марказӣ аз 6 шуъбаи бистарикунонӣ, як шуъбаи ёрирасон ва 1 ҳуҷраи ташхисию ёрирасон иборат буда, дар  соли 2020 дар беморхонаҳои марказӣ ва рақамӣ ҳамагӣ 952 бемор бистарӣ карда шудааст, ки аз ин шумора 919 бемор баъди муолиҷаҳои сатҳи гуногун ҷавоб дода шуда, теъдоди фавтидагон дар ин давра 141 нафарро ташкил додааст, ки аз ин шумора 24 нафар кўдакони то синни 5- сола мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ  25109 нафар беморон дар ҳолати амблоторӣ ва 15150 нафар даъват ба хона  хизмати тиббӣ расонида шудааст.

        Дар шуъбаи таваллудхона 1295 нафар кудак таваллуд шуда, хушбахтона дар ин давра фавти модар ба қайд гирифта нашудааст.  

        Дар соли 2020, 18 бемори сили шуш ба қайд гирифта шудааст. Ҳамагӣ дар қайди маркази мубориза бар зидди бемории сили ноҳия 18 бемории сил ва гумонбарони бемории сил 54 нафар буда, зери назорати диспансерӣ қарор доранд.

        Шумораи гирифторони бемории нашъамандӣ ба қайд гирифта нашуда,  2 нафар ба бемории вируси норасоии масунияти одам гирифтор шудааст.

        Тибқи маълумоти оморӣ дар ин давра хизматрасонии пулакӣ ба 26000 сомонӣ расонида шудааст.

     Боиси тазаккур аст, ки дар доираи пешгирӣ ва паҳншавии касалии сироятии нави коронавирус (COVID-19) соҳаи тандурустии ноҳия, ки солҳои тулонӣ эҳтиёҷоти автомашинаи ёрии таъҷилӣ доштанд, бо 1 адад автомашинаи ёрии таъҷилӣ  ва таҷҳизотҳои тиббии аз ҷумла, оксегенератор, эвиэл, ренген ва дигар маводҳои лозима таъмин карда шуданд.

     Дар ин давра дар доираи ҷалби сармояи хориҷӣ бунгоҳҳои тиббии “Ваҳдат”, “Муродтеппа -2” ва “Ҳайдаробод” зиёда бо 45 намуд дастгоҳҳои тиббӣ  таъмин гардидаанд, ки маблағи он 57 ҳазор сомониро ташкил мекунад.

       Ҷиҳати пешгирӣ ва эмин нигоҳ доштани  шаҳрвандон  аз эҳтимолияти  сироятёбӣ ва паҳн гардидани  бемории  дар боло зикргардида дар муассисҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ ва масҷидҳои ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷоннок гардида истодааст. Ҳамзамон аз ҷониби кормандони маркази санитарию эпидемиологӣ ва шуъбаи дизенфексияи профилактикии ноҳия дар ташкилоту муассисаҳо ва  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ бо маҳлули  «Гипохлориди калсӣ» корҳои безараргардонӣ идома ёфта истодааст.

 

Мушкилот

  • нарасидани мутахассисони соҳибмаълумот ба монанди духтури эҳёгар , духтури бемориҳои сироятӣ , духтури бемориҳои кўдакона ва ғайра,
  • нокифоя будани таҷҳизоти муосири тиббӣ дар беморхонаҳо.

 

Фарҳанг

        Дар ноҳия 13 муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла 1 хонаи фарҳангӣ, 2 клуб, 1 китобхонаи марказӣ, 1 китобхонаи бачагона, 5 китобхонаи деҳотӣ, 1 боғи фарҳангӣ, 1 осорхона ва 1 мактаби санъати бачагона ба аҳолӣ хизмати фарҳангӣ расонида истодаанд.

        Дар ноҳия 7 китобхона фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 17 ҳазору 522  нусха китоб мавҷуд аст. Аз ин шумора 8  ҳазору 910 нусха китобҳо бо  забони давлатӣ,  6 ҳазор 205 нусха бо забонҳои русӣ ва 374 нусха бо дигар забонҳо мебошанд.

         Дар ин давраи ҳисоботӣ аз тарафи муассисаҳои фарҳангии ноҳия 26 чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ ва фароғатӣ гузаронида шудаанд, ки дар онҳо 7200  нафар иштирок  карданд.

        Дар ноҳия фарогирии барномаҳои телевизионии бо воситаи моҳвораҳо шабакаи аввал (ТВТ) 98 фоиз, «Сафина» (ТВС)  96 фоиз, «Ҷаҳоннамо» 98 фоиз, “Телевизони Синамо” 95 фоиз, “Телевизони Варзиш” 94 фоиз  ва «Баҳористон» 96 фоизро ташкил дод ва 1 шабакаи барномаи якуми радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истифодаи аҳолии ноҳия қарор доранд.

Инчунин дар ноҳия бо воситаи моҳвораҳо шабакаҳои ТВ  Хатлон, ТВ  Бадахшон, ТВ Суғд ва ТВ  Кўлоб қариб дар ҳамаи деҳаҳои ноҳия ҳалли худро ёфта, фарогирии аҳолии ноҳия ба онҳо муттаносибан 94 фоизро ташкил медиҳад.

 

Мушкилот

       - дар бахши фарҳанг нарасидани асбобҳои мусиқии барқӣ ва халқӣ;

       -  норасоии кадрҳои ихтисосманди фарҳангӣ;

       -  нарасидани воситаи нақлиёти махсус (микроавтобус).

 

Кор бо занон ва оила

Дар ноҳия 20016 нафар занон мебошанд, ки аз инҳо 11294 нафарашро занони қобили меҳнат ташкил медиҳанд.

Айни замон дар ноҳия 61,3 фоизи кормандонро занон ташкил дода, шумораи онҳо дар сафи хизмати давлатӣ 25,4 фоизро ташкил медиҳанд.

Дар вазифаи роҳбарикунанда бошад айни замон 86 нафарро занон ташкил медиҳад. Ҳиссаи занон дар ҳайати вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 13 нафар ва вакили маҷлиси ҷамоатҳои деҳот 12 нафар мебошад.

Шумораи занони қобили таваллуд 10734 нафар буда, ҳолати фавти модар ва кўдак дар ин давра ба қайд гирифта нашудааст. Ҷинояткорӣ аз тарафи занон  5 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.

 

Мушкилот

  • то ҳол марказҳои касбомўзи барои занон ва ҷавондухтарон таъсис дода нашудааст.
  • Ташкил намудани ҷойҳои кории доимӣ барои занону ҷавондухтарон.

 

Варзиш, ҷавонон ва сайёҳӣ

       Дар  ноҳияи Носири Хусрав шумораи ҷавонон 15876 нафарро ташкил намуда, аз он 7997 нафар духтарон мебошанд. Дар ноҳия дар давоми соли 2020-ум зиёда аз 37 чорабиниҳои варзишиву фарҳангӣ, 616 мулоқоту вохўриҳо, 26 аксия дар чорабиниҳои гуногун ва 32 мулоқоти фардӣ  гузаронида шуда, зиёда аз 1710 маводҳои иттилотӣ, 1034 адад ниқоб ва 54 адад маводи антисептикӣ бо воситаи гурўҳи волонтёрӣ ба мардум тақсим карда шудааст.

         Дар ноҳия аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия 3 нафар гирандагони стипендияи Президентӣ, 1 нафар гирандаи стипендияи раиси вилоят мебошанд.

       Барои гузаронидани бозиҳои варзишӣ дар ноҳия 79 иншоотҳои варзишӣ мавриди истифода қарор доранд, ки аз ин шумора 5 адад толори варзишӣ дар дохили муассисаҳои №1,2, 6, 10, 26 ва 74 адад майдончаи варзишӣ дар деҳаҳо мебошанд.

Инчунин як Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ фаъолият намуда, дар он 7 нафар мураббӣ, аз рўи 5 намуди варзиш машқу тамринҳо мегузаронанд. Муассисаи мактаби варзишии кўдакону наврасони ноҳия фаъолияти худро аз рўи 5 намуди варзиш ба роҳ мондааст, ки дар ин маҳфилҳо зиёда аз 353  наврасону ҷавонони ноҳия аз он ҷумла, 108 нафар духтарон ба тамрини гуногуни варзишӣ фаро ва ҷалб карда шуданд.

        Ҳамзамон дар соли 2020 ҷавонони ноҳия дар 16 мусобиқаҳои варзишии вилоятӣ  иштирок намуда,  71  медалро сазовор гаштанд. Дар мусобиқаҳои  ҷумҳуриявӣ ва чемпионати  Ҷумҳурии Тоҷикистон варзишгарони ноҳия дар 13 мусобиқа иштирок намуда 24 медал ба даст оварданд. Дар маҷмўъ  95 медал, аз ин теъдод 28 медали тилло, 34 медали нуқра ва 33  медали биринҷӣ мебошад.

        Қайд кардан бо маврид аст, ки дар ноҳия  1 адад осорхона ва 32 адад ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ воқеъ мебошанд.        

       Дар ноҳия 2 мавзеъи таърихӣ Қалъи Бешкент ва зиёратгоҳи Чилучор-чашма арзи вуҷуд дошта, диққати сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд.

       Дар ин давра ба мавзеҳои таърихию фарҳангӣ  ноҳия ҳамагӣ 13700 нафар сайёҳон ташриф овардаанд, ки аз ҷумла; сайёҳони хориҷӣ  83 нафар ва сайёҳони дохилӣ 13617 нафар мебошанд.

 

Мушкилот

  • то ҳол ба итмом нарасидани варзишгоҳи  дорои 3000

 ҷойи нишаст;

  • норасоии ширкатҳо ва иншоотҳои сайёҳӣ;
  • ниёз доштани ёдгориҳои таърихии ноҳия ба таъмиру барқарорсозӣ

 

Дин, танзими анъана ва ҷашну маросим

  Дар ноҳия 1 Комиссияи доимии ноҳиявӣ, 3 Комиссияҳои доимии ҷамоатҳои деҳот ва 16 Комиссияи ҷамъиятӣ  амал намуда истодааст.

 Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар  ин давра  195 тўйи домодию арўсӣ, 5 тўйи домодию арўсии дастаҷамъонаи хайриявӣ, 11-адад хатнасури хайриявӣ, 38 маросими сол, 54 маросими чил ба қайд гирифта шудааст, ки дар маҷмўъ теъдоди умумии маъракаҳо 303-ададро ташкил медиҳад.

 Хароҷоти умумии 195 туйи домодию арусӣ  696 ҳазору 865 сомониро ташкил медиҳад, ки  ба ҳар як туй 3 ҳазору 573  сомонӣ рост меояд.

 Қайд кардан ҷоиз аст, ки бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, №АП-983 аз ҷониби ходимони дин ва ҳаҷравандагон бахшида ба пешвозгирии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ятимону барҷомондагон, шахсони эҳтиёҷманд корҳои хайриявии моддиву молиявӣ ба маблағи 35800 сомонӣ хайр карда шуд ва ин иқдоми нек идома дорад.

         Дар ин давра 3 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуда, ба миқдори 10200 сомонӣ ҷаримабандӣ таъин карда шудааст.

        Инчунин 1 ҳолати қонунвайронкунии дигар дар баррасии суди ноҳия қарор дорад.

        Дар ноҳия 1 масҷиди ҷомеъ ва 8 масҷиди панҷвақта амал дошта, фаъолияти онҳо зери назорати сохтору мақомотҳои марбута қарор дорад.

 

 

 

Вазъи  нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ

        Аз 86 ҷинояти дар ин давра бақайдгирифташуда 85 ҷиноят ошкор карда шудааст. Сатҳи кушодашавӣ 98,8 фоизро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2019,  12 ҷиноят кам мебошад.

        Аз ҷиноятҳои бақайдгирифташуда 50 ҳолат дар самти кофтукови ҷиноӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 ҷиноят кам, 11 ҳолати ҷинояти вазнин,  1 ҳолати таҷовуз ба номус нисбат ба соли гузашта 1 ҷиноят зиёд, 24 ҳолати дуздӣ нисбати соли гузашта 4 ҳолат зиёд ва 5 ҳолати ҷинояти қаллобӣ нисбати соли гузашта 24 ҳолат кам ба қайд гирифта шудааст.

       Дар соли 2020 ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир   14,5 кг (афюн) ба қайд гирифта шудааст.

       Тибқи маълумот 1 сокини ноҳия дар муноқишаҳои мусалаҳонаи давлатҳои Сурия ва Ироқ ширкат варзида, бе ному нишон гардидааст.

        Ба таври ғайрирасмӣ таҳсил намудани ҷавонон дар муассисаҳои таълимии динии кишварҳои хориҷӣ аз ноҳияи Носири Хусрав ба қайд гирифта нашудааст.

 

Муроҷиати шаҳрвандон ва коргузорӣ

         Дар соли 2020  ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 2798 шаҳрванд, аз ин 1889 нафар тариқи хаттӣ ва 909 нафар тариқи шифоҳӣ муроҷиат намуданд.

Муроҷиатҳои шаҳрвандон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 18-то ба воситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ворид гардидааст.

Аз шумораи умумии муроҷиатҳои хаттӣ ба 1834 муроҷиат   (97 фоиз) ҷавоб гардонида шуда, 55 муроҷиат дар арафаи баррасӣ қарор доранд.

 

Омодагӣ ба ҷашни 30 солагии Истиқлолият

         Бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдори раиси ноҳия ва нақшаи чорабиниҳои он таҳия ва тасдиқ карда шудааст.

          Тибқи нақшаи чорабиниҳо то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври умумӣ бунёду таъмири 85 иншоот ба нақша гирифта шуда,  дар давоми  2 соли охир  87 адад ё ин, ки 102,3 фоизи  иншооти ҷашнӣ ба маблағи 6 млн. 986,7 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд, ки дар умум 187 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.

        Лозим ба ёдоварист, ки аз иншоотҳои ба истифода додашуда дар давоми соли 2020  ҳамагӣ 43 иншоот аз он ҷумла, бахшида ба таҷлили ҷашни байналмиллалии Навруз-2020,         8 иншоот, бахшида ба таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ  5 иншоот ва барои пешвозгирии ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатӣ  4 иншоот, ҷамъ ба маблағи умумии 2 млн. 277,1 ҳазор сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.