РОҲИ НАҶОТ АЗ КОРОНАВИРУС РИОЯИ ТАВСИЯҲОИ ТАБИБОН АСТ

Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо  мақсади   таъмини  пешгирии  хатари  бемории  коронавирус гурӯҳи  кории назди Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  корҳои  фаҳмондадиҳӣ  ва  омилҳои  пешгирикунандаи  бемориро   тибқи  ахбори расмии  сомонаи  Вазорати  тандурустӣ ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ   ва Муроҷиатномаи  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистонро дар  байни  сокинон  бо  усули  «хона  ба  хона» боз  ҳам  пурзӯр  намуда, риояи  гигиенаи шахсӣ  ва  оромона  ҳаёт  ба  сар бурданро  талқин  намуда истодаанд.

Ин навбат гурӯҳи корӣ дар  деҳаи Бешкаппа  3-и   Ҷамоати  деҳоти  Наврӯз  бо  усули  «хона  ба  хона» чорабинии ҳизбиро баргузор намуда,   ба  сокинон  роҳҳои  пешгирии бемории  каронавирусро  фаҳмонида, таъкид  карданд, ки  роҳи  наҷот  аз  коронавирус риояи  тавсияҳои  табибон  мебошад.   Дар   ҷойҳои  ҷамъиятӣ  масофаро риоя  намоянд, худ  ва  дигаронро   аз   ин  беморӣ ҳифз  кунанд  ва барои  пешгирии  беморӣ  варақаҳои  тавсиявиро ба ҳамагон дастрас карданд.  Ҳамзамон, масъулин  оид  ба  амалигардонии  дастуру  супоришҳои  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста  ба  вазъи  ноустувори  ҷаҳони  муосир  дар  шароити  шиддат ёфтану  афзоиши  таҳдиду  хатарҳои глобалӣ,  аз  ҷумла  вируси даҳшатноки «СОVIД-19» андешаҳои хешро баён дошта, таъкид карданд, ки  бо истифодаи  самараноки  ҳар  қитъаи замини   наздиҳавлигӣ, заминҳои  хоҷагиҳои  деҳқонӣ  ва  Президентӣ ташкили  кишти зироатҳо,  ҷамъоварии ҳосили баланд  ва  захираи  онро  барои  ду  сол таъмин намоянд.

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.