Суханронии раиси ноҳияи Носири Хусрав, муҳтарам Нишонзода Даврон Назаралӣ дар «Рӯзи даъватшаванда», 1 апрели соли 2020

Муҳтарам даъватшавандагон!

 Падару модарони азиз!

         Сарфароз аз он ҳастем, ки зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат дар Ватани азизамон амну суббот таъмин буда, сол ба сол ба ҳадафҳои стратегии кишвар ноил гардида истодаем.

Имрӯз рӯзи аввали сафарбар намудан ба хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони ба ору номуси ноҳияи Носири Хусрав барои ҳифзи модар-Ватан, ки  дар саф рост истодаанд, ба Шумо падарону модарон ва даъватшавандагони азиз изҳори минатдорӣ баён мекунам.

Ҷавонони азиз,

Шумо фаромуш накунед, ки ҳар як  марди шуҷо ва соҳибватан  бояд қарзи ҷонии дар назди Ватан гузошташударо ҳамчун парчамбардори  миллати ориёнажоди ин диёр баҳри истиқлолият ва озодии  ватани худ доимо мубориза барад.

Президенти муаззами кишвар мухтарам Эмомали Раҳмон ба маврид, қайд намудааст, ки: «Барои ҷавонписар яке аз муҳимтарин мактаби обутоёбии ҳаёт, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст.Ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддас-тарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд. Вақте, ки мо дар боби ватандӯстӣ сухан мегуем, пеш аз ҳама муҳофизати Ватан ва тамомияти арзиши кишварро дар назар дорем».

Дар охир ба ҳамаи Шумо даъватшавандагон дар адои ин амали пуршараф, саломатӣ, хушбахтӣ, ҳушёрию зиракӣ, матонату ҷасоратро таманно менамоям.

Роҳатон сафед, иқболатон баланд, дуои неки волидон Шуморо дар ин роҳи пуршараф ҳамеша ҳамроҳ бошад.

 

Саломату  саодатманд  бошед!

0
No votes yet
 

СУРОҒАИ МО

вилояти Хатлон

735140   ноҳияи Носири Хусрав

кӯчаи Исмоили Сомонӣ №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии Носири Хусрав

 

 

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.png vk.png youtube.png twitter.png

 

ТАМОС БО МО

Tel: (8-32-58) 2-23-34, 2-23-33

Tel: (8-32-58)  2-22-33, 2-21-66

Email: kadrho.nosirikhusrav@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.